ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!
(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 5 октябри соли 2021 мулоқоти Комиссияи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) бо 15 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Комиссияи мазкур барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония дар солҳои 2021-2023 тавсия гардидаанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот Мияшита Такаюки-сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Такасака Мунео-роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон (JICA), Миякава Такаши-роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи Лоиҳаи JDS аз соли 2009 то инҷониб 75 нафар мутаассисони ҷавони вазорату идораҳои кишвар барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.
Мувофиқи мониторинги охирини Агентии хизмати давлатӣ солҳои 2009-2021 53 нафар, аз ҷумла 6 нафар зан магистратура ва 1 нафар докторантураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, аз онҳо 30 (зан-2) нафар ё 55,5 дарсад ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.
Айни замон таҳсили 21 нафар (19 нафар дар магистратура ва 2 нафар дар докторантура) идома дорад.
Аз ҷониби муовини директори Агентии хизмати давлатї Айбӣ Б.О. қайд гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ барои омода кардани мутахассисони соҳаи идоракунӣва рушди хизмати давлатии касбӣ аз тамоми имкониятҳои дохилӣ ва дастгирии шарикони хориҷӣ истифода намуда, робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS сол аз сол тавсеа меёбад.
Номбурда изҳори итмонон намуд, ки мутахассисони ҷавон зимни таҳсил ва иқомат дар Япония дар баробари такмили донишу касбият, бо одобу ахлоқи ҳамида кишвари моро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, баъди бозгашт ба Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх