User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 бо ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 20 сентябри соли 2021 курси такмили ихтисос аз рӯйи Барномаи «Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки 70 нафар хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи расмии курс муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ– Кенҷазода Анвар Мирзо, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент – Комилбеков Амид Ёрбек, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг – Шералиев РаҳмоналӣМиралиевич, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ-Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур то 25 сентябри соли 2021 идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон дар мавзӯъҳои «Нақши интернет–ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ», «Дастовардҳои ВАО дар даврони Истиқлолият», «Амнияти иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «Таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ВАО, махсусан шабакаҳои интернетӣ дар таҳкими рӯҳияи давлатдории миллӣ» ва ғайраҳо доир шуда, дар фарҷоми курс дар мавзӯи «Амнияти иттилоотии Ҷумзурии Тоқикистон» мизи мудаввар баргузор мегардад.

Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон