ҲАМАИ ХАБАРҲО
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Имрӯз, 28 октябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки бе қонунгузории мукаммал таъмини раванди пойдории давлат ғайриимкон аст. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол қабл ин санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияро қабул намуд, ки он ҳуқуқу озодиҳои ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи мамлакатро фаро гирифта, аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дод.
Дар иттилоияи Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла омадааст:
«Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Зеро дар сурати риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалисозии тадбирҳои мушаххас метавон ҳама гуна чорабинӣ ва фаъолияти иншооти гуногуни иҷтимоиро ба роҳ монд, дар акси ҳол натиҷа баръакс хоҳад шуд.
Дар ин росто вобаста ба фаро расидани ҷашнҳои миллӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд:
1.Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат дода мешавад.
2.Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
3.Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷараёни таҷлили ҷашни байналамилалии Наврўз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намоянд».
Сарчашма:khovar.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх