ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 5 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Фариддун, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ гардиданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини якуми директори Агентӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023 теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18430 нафар (84,6 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3352 адад (15,4 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11912 нафар (занон 2920 нафар ё 24,5 фоиз), мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3566 нафар (занон 1068 нафар ё 29,9 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2952 нафар (занон 568 нафар ё 19,2 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4556 нафар ё 24,7 фоизро ташкил дода, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8996 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1628 нафар буда, 27,4 фоизро ташкили медиҳад.
Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2023 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 308 (зан-70) нафарро ташкил медиҳад.
Аз ин шумора ба мақомоти иҷроияи марказӣ 151 (занон-47) нафар ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 157 (занон-23), аз ҷумла ба ВМКБ 18 (зан-2) нафар, вилоятҳои Суғд 40 (зан-7) нафар, Хатлон 66 (зан-7) нафар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 3 (зан-2) нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 (зан-5) нафар рост меояд.
Зимни гузориш вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, рафти иӣрои дастурҳо, дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар Агентии хизмати давлатӣ, омӯзиши рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ ахбор дода, таъкид гардид, ки дар ин давра барои ишғоли 3305 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардид. Ба 2167 мансаби холӣ бо иштироки 4487 нафар, аз он зан-821 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1882 нафар, аз он зан-479 (соли 2022-1807, зан-433) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Ба 1138 мансаби дигар ҳуҷҷат супорида нашуд. Муайян гардид, ки барои ишғоли як мансаб асосан 1,4 довталаб рост меояд.
Аз 1882 нафари ба мансабҳо таъингардида 1278 (зан-213) нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 304 (зан-177) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35 - сола 76 (зан-13) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 63 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-22 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-41 ҷаласа) иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 1260 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 1169 нафар, аз он зан-263 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 91 нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.
Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 1169 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1118 нафар, аз он зан-249 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 22 нафар, аз он зан-3 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 24 нафар, аз он зан-1 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 30 нафар, аз он зан-7 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.
Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 51 нафар, аз он зан-14 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 38 (зан-9) нафар барои такмили ихтисос, ба 8 (зан-3) нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ба 5 (зан-2) нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.
Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 27 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 22 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Турсунзода, Бохтар, Дарвоз ва Ҷалолиддини Балхӣ доир карда шуда, дар онҳо 1518 (зан-530) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2023 масъалаи дуюми маърӯза намуда, аз натиҷаи он барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх