User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дардоираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роњбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 соли сеюм аст, ки силсилаи курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд-хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣроњандозӣ мешавад.

Аз ҷумла, курси омӯзишии мазкур дар чор давр барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияњои њудуди он аз 21 июн то 1 июл, аз 13 то 23 сентябр, аз 25 октябр то 4 ноябр ва аз 3 то 4 декабри соли 2021 дар шаҳри Гулистон, барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияњои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣаз 26 май то 4 июн, аз 22 то 31 июл, аз 7 то 16 октябр ва аз 6 то 7 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Санаи 25 декабри соли равон дар Академияи идоракунии давлатӣ маросими хатми курси мазкур баргузор гардида, баъд аз бомуваффақият супоридани имтиҳони хатми курси омӯзишӣ ба 49 нафар бонувон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ Макс Георг Майер шаҳодатномањои хатми курс супорида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣба шунавандагони курси мазкур 1-ададӣ китоби рӯйимизии хизматчии давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» тақдим гардид.

                                                                  

                                                                    Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон