User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, барои мутасаддиёни таъмини иҷрои Стратегияи мазкур аз мақомоту

ташкилотҳои давлатӣ аз рӯйи барномаи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: Фаъолият дар марҳилаи якум» курси такмили ихтисоси ғайринақшавиро ташкил намуд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур 22 декабри соли 2021 муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, сарнозири сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - Раҳмонзода Умед Маҳмадсодиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барои шунавандагони курси мазкур машғулиятҳо дар мавзӯъҳои «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Нақши ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ дар таъмини муқовимат ба омилҳои коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият ҳ(хавфхои коррупсионӣ)», «Одоби касбии хизматчии давлатӣ ҳамчун фишанги пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ» ва ғайраҳо баргузор гардида, дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Сиёсати давлатии муқовимат бо коррупсия: ҳолат ва дурнамо» пешбинӣ гардидааст.

        

                                            Агентии хизмати давлатии назди
                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон