User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва дар асоси зербанди дуюми банди 2 нақшаи амалӣ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ҳамчунин бахшида ба 23 июн- Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ дар асоси амри раиси шаҳри Роғун аз 29 майи соли 2023 озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

Дар озмун заноне, ки ҳамчун хизматчиёни давлатӣ кор ва фаъолият менамоянд, иштирок намуда, ғолибон дар рӯзи «Ваҳдати миллї» бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                         давлатии шаҳри Бӯстон