User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот – 1 ҷой,

          Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон     “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

         Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

          Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- хислатнома аз ҷойи кори қаблӣ;

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- парванда (лифофа – 1 адад).

Озмун аз се марҳила иборат аст:

         - марҳилаи якум – омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон;

         - марҳилаи дуюм – гирифтанӣ кори хаттӣ;

         - марҳилаи сеюм – саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб.

Шахсоне, ки аз марҳилаҳои якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонда мешавад.

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии Кумита дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25 (бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ошёнаи сеюм), индекс: 734025, телефон/факс: 227-59-38,      227-78-29 почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., сомона:                       www. kumitaizabon.tj