ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!
(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Зимни музокироти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хоса дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи корҳои дарпешистода ҷиҳати таъмиқ ва васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар оғози музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои худ ва тамоми мардуми ӯзбеки бародарро бо ҷашни дар пешистодаи сисолагии соҳибистиқлолии давлатии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар вохӯрӣҳамчунин ба робитаҳои муваффақонаи ҷонибҳо дар заминаи сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ишора карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат қайд карданд, ки натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шаҳодат медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии маблағҳои созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ мерасад.
Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт.
Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси як ширкати муштараки сармоягузорӣ, андешаронӣ карданд.
Ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарони ду давлат ба фаъолияти корхонаи муштараки «Артел Авеста Электроникс» (Artel Avesta Electronics), ки соли гузашта ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд доданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии тарафайн дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои соҳаи кишоварзии ду кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни музокирот дар ҳайати васеъ Сарони давлатҳо ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои корҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодиро шуниданд.
Дар рафти мулоқот ба доираи васеи ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони аҳолии Ӯзбекистон изҳори миннатдории махсус карданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардумони ду кишвар, ки таърихи қадима дорад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ як филми пурмазмуни таърихӣ таҳия намоянд.
Ҳангоми баррасии мавзуъҳои минтақавӣ ба масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ диққати зарурӣ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи низомиву сиёсии Афғонистони барои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави он мубодилаи афкор карданд. Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷонибҳо барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон қайд карда шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин росто, ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва муайян кардани санаи солонаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора гардид. Ба ҳамкории фаъоли минбаъдаи ду кишвар дар пешбурди ин ташаббусҳо изҳори умед карда шуд.
Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯстони ӯзбекистонӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаи раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай изҳори миннатдорӣ карданд.
Сарчашма: khovar.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх