ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
1.Сардори раёсати шабакаҳои давлатӣ- 1 ҷой, маоши мансаби - 2492,40 сомонӣ.
2.Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-1 ҷой, маоши мансаби - 2492,40 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-1 ҷой, маоши мансаби-1021,20 сомонӣ.
4.Сардори раёсати молия ва иқтисод -1 ҷой,маоши мансаби- 2492,40 сомонӣ.
5.Сармутахассиси раёсати молия ва иқтисод - 1 ҷой, маоши мансаби-1248,90 сомонӣ.
6.Сардори шуъбаи назорат ва коргузорӣ - 1 ҷой,маоши мансаби- 1674,00 сомонӣ.
7.Сардори шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ -1 ҷой, маоши мансаби- 1674,00 сомонӣ.
8.Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ -1 ҷой, маоши мансаби- 841,20 сомонӣ.
9.Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рўи замин ва
нурафкании раёсати мониторинги муҳити зист -2 ҷой, маоши мансаби-1021,20
сомонӣ.
10.Сармутахассиси шуъбаи иттилоотии муҳити зист Раёсати мониторинги
муҳити зист -1 ҷой, маоши мансаби-1248,90 сомонӣ.
11.Сармутахассиси Санҷишгоҳи омўзиши ифлосшавии атмосферӣ дар шаҳри Турсунзода раёсати мониторинги муҳити зист - 1 ҷой, маоши мансаби- 1248,90 сомонӣ.
12.Сармутахассиси раёсати таъминот ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансаби- 1248,90 сомонӣ.
13.Мутахассиси шуъбаи обуҳавошиносӣ -1 ҷой,маоши мансаби-841,20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
-Ариза ба унвони роҳбари мақомот;
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-4 дона расми 3х4 ранга;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);-нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (сиви-обьективка);
-маълумотнома оиди надоштани доғи Судӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат.
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар Мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди корва кор бо тобеон.
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба;
-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахасис;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис;
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кучаи Шевченко- 47
Телефон барои тамос: 44-600-02-17, 918-65-84-74
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз баъд аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх