ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.
Рӯзҳои 8-9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ва дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.
Хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д'Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Аз 21 то 23 майи соли 2025 дар ноҳияи Шаҳритус курси сайёри таљрибаомўзї барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳритус, Вахш, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир гардид. Дар доираи курси мазкур ба иштирокчиён дар мавзуи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» (бо ҳаҷми 24 соат) таълими иловагӣ дода шуд.
Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии молиявӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, техникӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олї ё миёнаи касбии иқтисодӣ;
- 1сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
Маоши мансабӣ 924,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олї ё миёнаи касбии њуќуќшинос, гуманитарӣ, техникӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои рушди маҳал марбутанд, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- маълумотнома оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ-3, индекс:734003, тел.224-71-50, www.ldc.tj , e-mail: admin@Idc.tj
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх