Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 218612
5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.
Муфассал: Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 11562
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 13857
12 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман идома ёфт.
Коргоҳи мазкур дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат ҷойгир буда, дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохт.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Имомиддин Ғафуров бунёд ёфтааст.
Муфассал: Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман дар ноҳияи Деваштич
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 7680
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд.
Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.
Муфассал: Ифтитоҳи Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯӣ дар ноҳияи Деваштич
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 8659
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.
Муфассал: Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 94674
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 муассисаи маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 9674
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.
Муфассал: Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 416926
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Муфассал: Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент








