User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятмон аз ҷониби Пешвои миллат ба 100 наврас маҷмуи сару либос, маводи конселярӣ, ширинӣ ва дигар ҳадяҳо тақдим карда шуд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонда мешавад.

Марҳила ба марҳила таҳким бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода мешаванд, то ин ки дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Аз чеҳраи ҳар як кудак баръало эҳсос мегардид, ки суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои падаронаи Сарвари давлат ба зиндагии онҳо умеди тоза мебахшад.

Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа наздики 40 ятим ва нафарони дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ноҳияи Роштқалъа барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо 1 мактаб-интернати наздимактабӣ мавҷуд буда, дар он ятимону маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат нигоҳубин ва ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зисту таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ин қишри ҷомеа барои аз худ намудани илмҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиданд, муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти дуруст ба камол расондани онҳо дастуру тавсияҳо доданд. 

Сарчашма:president.tj

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сохтмони бино соли 2023 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои Беморхонаи сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхона бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари табибон фароҳам оварда шудааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад. 

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд.

Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо 4 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила чун дигар мардуми кишвар корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи обии Себзорро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад.

Неругоҳи обии Себзор дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологии иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва нуқтаи хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Парки технологӣ дар масоҳати умумии 930 метри мураббаъ сохта шуда, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

26 июн дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созаданву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо самимияти хос ва бо базму шодӣ истиқбол гирифтанд.

Сарчашма:president.tj