User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.
 

Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Н. Жапаров

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар ташрифи Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гӯям.

Зимни музокироти имрӯза, ки дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда сурат гирифтанд, мо тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро муфассал баррасӣ намудем.

Дар ин замина мо тамоюли таҳкими муколамаи мунтазами сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд махсусан таъкид кардем.

Мо талошҳои тарафайнро барои ҳарчи зудтар анҷом додани демаркатсияи сарҳад ва пурзӯр намудани тадбирҳои эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зикр намудем.

Дар доираи музокирот мо ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардем.

Доир ба масъалаҳои афзоиши гардиши моли дутарафа мубодилаи муфассали афкор анҷом додем.

Аз ҷумла, масъалаҳои тавсеаи номгӯи маҳсулоти ба ҳамдигар расонидашаванда ва бартарафсозии монеаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.

Мо аҳамияти рушди робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зикр кардем.

Дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт баррасӣ намудем.

Ин самтҳо, пеш аз ҳама, фарогири соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои пешбурди ҳамкории самаранок дар соҳаҳои гуногуни саноат ва маҷмааи агросаноатӣ равона гардид.

Дар бораи идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ба мувофиқа расидем.

Аҳамияти ифтитоҳи хатти интиқоли барқи «Хуҷанд-Датка»-ро байни кишварҳоямон дар чаҳорчӯби лоиҳаи CASA-1000 зикр кардем.

Муҳимияти татбиқи пурраи ин лоиҳаро барои васеъ намудани имконияти иштироки кишварҳои мо дар рушди энергетикаи минтақавӣ таъкид намудем.

Ҳамчунин аҳамияти тақвияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳо дар доираи Комиссияи муштараки оби Тоҷикистону Қирғизистон таъкид гардид.

Зимни музокирот аз фаъол гардонидани тамосҳои соҳибкорӣ ҷонибдорӣ намудем.

Дар ин замина тасмим гирифта шуд, ки Шурои тиҷоратии палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ҳамчун минбари муассир барои рушди робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ таъсис дода шавад.

Имрӯз дар Душанбе Форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ба кори худ шурӯъ мекунад.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои он барои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои муайянкардаи мо дар самтҳои ҳамкории иқтисодӣ хизмат хоҳанд кард.

Мо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкории бисёрҷониба муфассал баррасӣ кардем.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, инчунин рушди логистика ва иқдомҳои рақамикунонӣ дар мадди таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Мо муҳимияти фаъол гардонидани кор ва муосиргардонии гузаргоҳҳои сарҳадиро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади мардум, мол ва хизматрасонӣ зикр кардем.

Чанд лаҳза пеш мо бо Садир Нургожоевич ба фаъолияти боз як гузаргоҳи дигар дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба таври фосилавӣ оғоз бахшидем.

Итминон дорем, ки барқарории фаъолияти гузаргоҳи «Тоҷварон-Қарамиқ» миёни ноҳияҳои Лахш ва Чон-Алайи кишварҳоямон ба татбиқи ҳадафҳои зикршуда мусоидат хоҳад кард.

Талошҳои якдигарро ҷиҳати афзоиши шумораи хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ ва инчунин, хатсайрҳои автобусӣ, аз ҷумла миёни минтақаҳои сарҳадӣ, таъкид намудем.

Мо масъалаи рушди ҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарии муносибатҳоямонро баррасӣ кардем.

Аз татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму маориф, табодули фарҳангӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намудем.

Имрӯз мо санади муҳим - Созишнома дар бораи таъсиси Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирони ду кишварро имзо кардем.

Бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аз рӯйи музокироти имрӯза қабул гардид, ба таври умум заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро бо мазмуни нав ғанӣ мегардонад.

Ҳамин тариқ, мо заминаи ҳуқуқиро барои тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мустаҳкам намудем.

Дар пасманзари авзои торафт ноустувори ҷаҳонӣ, мо мубодилаи пурмуҳтавои андешаҳоро оид ба масоили таъмини амният анҷом додем.

Ба масъалаи мавқеъгириҳои муштарак ҷиҳати таҳкими субот дар минтақа тамаркуз кардем.

Мо омодагии қатъии худро барои тақвияти муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷинояткории фаромарзӣ, аз ҷумла ҷинояткории киберӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тасдиқ намудем.

Пойбандии худро ба рушди шарикӣ дар арсаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид кардем.

Аз андешидани чораҳои муштараки минбаъда оид ба тақвияти тамоюли мусбати рушди ҳамкории минтақавӣ изҳори ҷонибдорӣ намудем.

Аҳамияти таҳкими таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар майдонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зикр карда шуд.

Итминон дорам, ки тавофуқҳои аз рӯйи натиҷаи сафар бадастомада барои тавсеаи тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба дурнамои нав мекушоянд.

Онҳо талошҳои муштараки ҷонибҳоро барои таъмини субот ва шукуфоии пойдор ба нафъи мардуми ду кишвар ва минтақа инъикос мекунанд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Сарчашма:president.tj