User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад. 

Супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар амалигардонии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намоянд.

Сипас, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар кори маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 гуфта шуд, ки лоиҳаи он барои таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.

Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026, баррасӣ гардид. 

Дар фароварди кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои ободонӣ, кишти мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Сарчашма:president.tj