26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Сохтмони бино соли 2023 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист, дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд гардидааст.
То имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯшон дар иншооте фаъолият мекарданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият барои назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷалб карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳо тариқи бунёду ба истифодадиҳии биноҳои хуштарҳу замонавӣ марҳила ба марҳила имкони созгори фаъолият фароҳам оварда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои баланд дода, онро туҳфаи Ҳукумати кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардуми кишвар анҷом диҳанд.
Сарчашма:president.tj