User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
9 июли соли 2025 ҷиҳати иҷрои банди 2 протоколи ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ №20 ва банди 26 нақшаи кори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, хадамоти кадрӣ, иттифоқи касаба ва ҳуқуқшинос семинари омӯзишӣ доир ба омўзиши фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ аз 08 майи соли 2025, №88 “Дар бораи Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгўйи ҳуҷҷатҳои ба он дўхташаванда” гузаронида шуд.
Семинарро сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ Ҷаҳонзода Рухшонахон гузаронида, шунавандагонро бо тартиби нави пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ, номгўи ҳуҷҷатҳои ба он дўхташаванда, вазифаҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ вобаста ба пешбурди парвандаи шахсӣ, ўҳдадории хизматчии давлатӣ вобаста ба пешбурди парвандаи шахсӣ, тартиби нигоҳ дошта ва ба бойгонӣ супоридани парвандаҳои шахсӣ шинос намуд.
Аз ҷумла, тарзи дуруст пур кардани варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ, тарҷумаи ҳоли хизматчии давлатӣ, варақаи шиносии хизматчии давлатӣ бо парвандаи шахсӣ, номгўи ҳуҷҷатҳои парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ ва дафтари бақайдгирии парвандаҳои шахсӣ фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба шунавандагон Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 тасдиқ карда шудааст шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар фарҷом, шунавандагон мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби намояндаи Агентии хизмати давлатӣ посух гирифтанд.