User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия курсҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва олимони соҳа аз Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия амалӣ карда мешаванд.

Дар робита ба ин  санаи 9 ноябри соли 2022 дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси бозомӯзии дарозмуҳлат аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар асри XXI» ва курси такмили ихтисоси кӯтоҳмуҳлат аз рӯи барномаи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» барои 60 нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ дар доираи шарикии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо иштироки Абдухалил Ғафурзода – ректори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати Россия, Марголин Андрей Маркович- ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ифтитоҳ ёфт.

Дар қисмати расмии ифтитоҳи курсҳои мазкур маърӯзачиён вобаста ба ҳамкориҳои стратегии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар Тоҷикистон ва Россия, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷрои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ вобаста ба тақвияти фаъолият дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳадафмандии ташкили курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро баён доштанд.

 

                                                                                                     Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон