User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани низоми коргузории электронӣ дар хизмати давлатӣ, аз ҷумла,

таҳия ва татбиқи системаҳои коркарди электронии маълумот оид ба ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва шахсони масъули 15 вазорату идораҳо санаи 28 июли соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

         Дар ифтитоњи семинари омӯзишӣ Аҳмадзода Дилноза муовини директори Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуда, ҳадафи ташкили марҳилавии семинари омӯзиширо вобаста ба пурра ба роҳ мондани Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти марказӣ давлатӣ тавзеҳ дод.

            Ҳамзамон қайд намуд, ки масъалаи таҳкими неруи институтсионалии кишвар, яъне такмили низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва таъмини рушди хизмати давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ гардида, дар ин замина низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ автоматӣ кунонидашуда, Феҳристи хизматчиёни давлатӣ дар шакли электронӣ тартиб дода мешаванд.

            Ҳадафи такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ ин амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии бомуваффақияти кишвар мебошад, зеро дар шароити муосир ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асоси шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад, қайд намуд муовини директори Агентӣ.

         Зикр намудан ба маврид аст, ки ин даври панҷуми семинари омӯзишӣ буда, дар ин давра ҷиҳати омӯзиши Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ шахсони масъули 36 мақомоти давлатӣ аз ҳисоби масъулини хадамотҳои кадрӣ ва сохторњои муҳосиботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он ҷалб карда шуданд.

         Тибқи Нақша дар Системаи мазкур маълумоти беш аз 21685 воњиди корӣ ва 18576 хизматчии давлатӣ ворид карда мешавад. Айни замон маълумоти зиёда 5586 хизматчии давлатӣ ба Система ворид карда шуда, воридсозии маълумоти 12990 хизматчии давлатӣ идома дорад.

         Кор дар ин самт идома дошта, масъалаи мазкур тањти назорати масъулини Агентии хизмати давлатӣ қарор дорад.

 

                                                                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон