User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 июли соли 2022  бо иштироки намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ

бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва маъмурии Вазорати мудофиа ташкил гардид.

Ҳадаф аз ташкили чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занон, омӯзиши қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва хизмати давлатии ҳарбӣ, риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҷалби бештари занону бонувон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад.

Дар мулоқоти мазкур Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуда, зимни суҳбат иброз намуд, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ алоқамандии зич дорад. Таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувони соњибкасбу болаёќат имкони беҳтарин барои фаъолияти шаҳрвандон дар низоми хизмати давлативӣ, аз љумла хизмати давлатии ҳарбӣ, алалхусус барои занон фароҳам оварда шудааст.

Хизмати давлатии ҳарбӣ мутобиқ ба қонунгузории кишвар ин фаъолияти касбии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ бо мақсади таъмини мудофиа ва амнияти давлат равона гардидааст, - зикр дошт муовини директори Агентӣ.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда 18576 нафар  мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12010 нафар, аз љумла 2850 нафар ё 23,7 фоиз занон, дар мақомоти маҳаллӣ 3537 нафар, аз љумла 1024 нафар ё 28,9 фоиз занон ва дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3029 нафар 564 нафар ё 18,6 фоиз занон фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4438 нафар ё 23,9 фоизро ташкил медиҳанд. Аз 5824 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1094 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.

 

                                                                                                    Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон