- Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3803,80 сомонӣ.
- Ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2560,25 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Котиби марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
- Мутахасиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
- Мутахасиси бахши иттилоот ва рақамикунонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон:
- Сардори шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2685,65 сомонӣ.
- Ёрдамчии раис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,95 сомонӣ.
- Пристави судӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
- Котиби маҷлиси судӣ – 4 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
Суди иқтисодии вилояти Суѓд:
- Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
- Котиби суд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
Суди иқтисодии вилояти Хатлон:
- Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе:
- Сардори шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2685,65 сомонӣ.
- Ёрдамчии раис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,95 сомонӣ.
- Котиби маҷлиси судӣ – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд;
- кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ);
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- - донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд;
- кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ);
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби ёрдамчиёни Раис, муовини Раис ва судяи Суди Олии иқтисодӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва пристави судӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби марҳилаи якум, марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ ва назорат, мутахассиси бахш ва котибони маҷлиси судӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; -
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси бахши иттилоот ва рақамикунонии Суди Олии иқтисодӣ:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кор кардан;
- одоби муошират бо ҳамкорон ва шаҳрвандон;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои соҳаи иттилоот ва рақамикунонӣ;
- малакаи хуби истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир (компютер);
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзӣ-37,
Телефон барои тамос: 227 86 26
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассусӣ ба хадамоти кадрии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.