User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷўйи ва самаранокии энергия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кўлоб - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1217 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1010 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олӣ касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олӣ касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари Хадамот

- варақаи шахсӣ

- тарҷумаи ҳол

- маълумотномаи шахсӣ (СИВИ)

- сурати 3х4 (4дона)

- нусхаи шиноснома

- нусхаи диплом

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

- нусхаи дафтарчаи ақди никоҳ

- маълумотнома аз андоз (ИНН)

- маълумот дар бораи даромад ва ваъзи молу мулк (эъломия)

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УБ)

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ

- нусхаи билети ҳарбӣ

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, кўчаи Қаҳҳоров 35, Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо,

Телефон барои тамос: 222-29-00.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.