1. Сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95 сомонӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95 сомонӣ.
3.Сармутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1571,95 сомонӣ.
4.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1497,45 сомонӣ.
5.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ - 1ҷой, маоши мансабӣ -1497,45 сомонӣ.
6.Сармутахассиси шуъбаи хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1497,45 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари (технологияҳои иттилоотӣ) бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1170,30 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1170,30 сомонӣ.
9.Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20 сомонӣ.
11.Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20 сомонӣ.
12.Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112,20 сомонӣ.
13.Мутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ -962,80 сомонӣ.
14.Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавӣ ва нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши 962,80 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳиҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома азҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
- маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А".
Телефон барои тамос: 233-81-02, 233-81-07.
Қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.
-
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.