Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон
- Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон
- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷамоати шаҳраки Палос– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1028 сомонӣ.
- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Палос -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1028 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Палос-1 ҷой, маоши мансабӣ-1028 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 У;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
-маълумотнома (справка- объективка).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Бўстон, кўчаи Опланчук 2а, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон, ошёнаи 1, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.
Телефон: 8-(34-51) 5-18-22, 5-11-77.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.