- Сармутахассиси бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ -1361,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Шоҳмансур-1 ҷой, маоши мансабӣ-1112,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-1170,30 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавӣ ва нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи таъини қисми захиравии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории аснодҳои нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-962,80 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳиҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома азҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
- маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А"; тел. 233-81-02, 233-81-07.
Қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.