- 1. Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3025 сомонӣ.
- Референти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2740 сомонӣ.
- Референти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2740 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1674 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳо - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1242 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати тарҷума - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1242 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ
барои ишғоли мансаби Мушовири калон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби Референти муовини якуми Раис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби Сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби Мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун
пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шахсӣ;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ - 42,
Телефон барои маълумот: 221-33-07.
Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешаванд.
Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.