- Сармутахассис дар бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1186,80 сомонӣ.
- Мутахассис дар раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924,60 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраргардида);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;
- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );
- маълумотнома аз ҷои истиқомат.
- маълумотнома (справка-объективка);
- хислатнома;
- дело (скоросшиватель);
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ш. Душанбе, хиёбони Борбад - 71, қабул карда мешаванд.
Сомонаи Хадамот: khnm.tj
Телефон барои тамос: 231-47-71.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз
Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.