- Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омўзгорӣ бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ 1131 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар - 1ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии меъморӣ ва сохтмонӣ бартарӣ дода мешавад);
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ 972 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши коммуналӣва манзили мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ мувофиқ ба мансаби мазкур.
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ 972 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин
талаб карда мешавад:
-ариза ба унвони раиси шаҳр
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бордаи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оиди доғи судӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ
Суроғаиқабулиҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кўчаи Б. Ғафуров №9, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон: 8 (3222)-2-84-50, 2-00-10.
Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми то 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.