Эълонҳо
- Подробности
- Категория: Эълонҳо
- Намоишҳо: 2129
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба таваҷҷуҳи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар доираи татбиқи Созишномаи байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ аз 20 майи соли 2015 Академияи мазкур дар магистратураи яксола аз рӯи барномаи «Рушди минтақавӣ» дар соли таҳсили 2017-2018 барои Тоҷикистон 3 бурсия ҷудо намудааст (Замимаи 1). Таҳсил дар магистратура ба забони русӣ сурат мегирад.
- Подробности
- Категория: Эълонҳо
- Намоишҳо: 3262
Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, №36/10-116 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2016 санаи 6 феврали соли 2017, соати 900 дар толори Маркази матбуотӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
- Подробности
- Категория: Эълонҳо
- Намоишҳо: 4745
Санаи 12 июли соли 2016, соати 1500 нишасти матбуотии муштараки Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин муассисаҳо дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
- Подробности
- Категория: Эълонҳо
- Намоишҳо: 2456
Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2015, №26/10-85 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2015 санаи 12 январи соли 2016, соати 1100 дар бинои Агентӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир - 33 баргузор мегардад.