User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро барои сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳои маорифи шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» ташкил намуд.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур, ки 6 декабри соли 2021 сурат гирифт, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ-ректори Академияи идоракунии давлатӣ, Ғанизода Гулчеҳра Самӣ-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур, ки ба он 63 нафар хизматчии давлатӣ ҷалб гардидааст, то 11 декабр идома ёфта, барои шунавандагон дар мавзӯъҳои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Маориф омили асосии рушди ҷомеа ва кафолати неруи инсонӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо лексияҳо гузаронида шуда, дар назар аст, ки дар анҷоми курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» баргузор карда мешавад.