User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар курси нақшавии сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои мутахассисони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди онро аз 9 то 11 ноябр баргузор намуд.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон-Сафарзода Ғазалшоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар курси мазкур 25 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, барои шунавандагон лексияҳо вобаста ба «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ», «Масъалаҳои гендерӣ дар хизмати давлатии шањрвандӣ», «Ҷанбаҳои гендерии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқи дастрасии занон ба замин», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо ташкил карда шуданд.

Курсҳои мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ташкил карда шуда, баргузории минбаъдаи он барои дигар категорияҳои хизматчиёни давлатӣ низ пешбинӣ шудааст.