User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг курси сайёри таҷрибаомӯзиро дар мавзӯи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» дар ноҳияи Ховалинг аз 20 то 22 сентябри соли 2021 ташкил намуда, ба он раисони ҷамоатњои шаҳрак ва деҳоти   ноҳияҳои Мурғоб, Ҷаббор Расулов, Ховалинг, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва  Ҳисор ҷалб карда шуданд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор- Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раиси ноҳияи Ховалинг-Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар баробари бозомӯзӣ шунавандагони курс, ҳамчунин аз маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, Осорхонаи таърихии маркази ноҳия, мамнуъгоҳи «Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ», мавзеъҳои таърихии «Чашмаи Қазған», «Чилчанор» ва Муассисаи давлатии «Осорхона- мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Восеъ» диданд намуданд.

Баргузории курсҳои сайёри таҷрибаомӯзӣ барои табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатии манотиқи гуногуни кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои онҳо мусоидат намуд.

Дар анҷоми курс ба иштирокдорон  гувоҳнома супорида шуд.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон