User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебешад, ки асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 №АП-43 дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бахусус, насли ҷавон мусоидат менамояд.

Дар робита ба ин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 29 июли соли равон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ибодова Талифа Маҳмадсафоевна иштирок намуда, дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуда, дар як вақт ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.