User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон гувоҳи арҷгузорӣ

ба фарҳангу тамаддуни гузаштагон мебошад. 

         Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ мегарданд. Зеро эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, хизматчиёни давлатӣ  муҳим мебошад.

Дар робита ба ин, бо мақсади таъмини иҷрои банди 59 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зикр гардиданд, бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 2 феврали соли 2022, №26 Нақшаи ташкили тамошои дастаҷамъонаи Осорхорнаи милли Тоҷикистон ва дигар осорхонаҳои шаҳри Душанбе барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ барои соли 2022 ба имзо расид.

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи мазкур санаи 23 феврали соли равон тамошои дастаҷамъонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии хизмати давлатїӣ ташкил карда шуд.

Зимни боздид аз Осорхона кормандони Агентии хизмати давлатї аз толорҳои канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори туҳфахазинаҳои давлатӣ, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд, дидан намуданд.

 

 Агентии хизмати давлатии назди     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон