User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Нахустин курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022 барои сардорони раёсатҳо (шуъбаю бахшҳо)-и мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти

онҳо ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, аудити беруна ва дохили мансуб аст, аз 17 то 22 январи соли 2022 дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ ташкил карда шуда, ба он 52 нафар хизматчиёни давлатӣ фаро гирифта шуданд.

Дар курси мазкур барои шунавандагон роҷеъ ба мавзӯъҳои «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар мақомоти давлатӣ», «Хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ», «Нақши СБҲМ (Стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ) дар рушди баҳисобгирии муҳосибӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра машғулиятҳо гузаронида шуданд.

                                             

                                            Агентии хизмати давлатии назди   

                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон