User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои такмили маҳорату малака ва тақвияти фаъолияти хизматчиёни давлатии дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони мақомот ва хизматчиёни давлатии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Турсунзода дар асоси Нақшаи баргузории машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои нимсолаи якуми соли 2023 машғулияти идоравӣ вобаста ба омӯзиши татбиқи ҳукумати электронӣ дар низоми идоракунии давлатӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Нақшаи намунавии машғулиятҳои идоравиро барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия намуда, барои роҳандозӣ намудани машғулиятҳои идоравӣ ба мақомотҳои давлатӣ ирсол менамояд.

Дар натиҷа дар мақомоти давлатӣ нақшаҳои машғулиятҳои идоравӣ тасдиқ ва дафтари бақайдгирии иштирокчиёни машғулиятҳо тартиб дода шуда, оид ба мавзӯҳои пешбинишуда бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва ҷалби мутахассисони мақомоти давлатӣ, олимони соҳа аз муассисаҳои илмию таълимӣ машғулиятҳои идоравӣ гузаронида мешаванд.

 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                                 давлатии шаҳри Турсунзода