User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 28 июли 2023 дар толори МИҲД-и ноҳияи Рӯшон ҷаласаи назоратӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Чоршанбезода Лайло баргузор гардид. Дар ҷаласаи назоратии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот даъват карда шуданд.

Дар ҷаласаи назоратӣ масъалаҳои зайл пешниҳод ва баррасӣ карда шуданд:

  1. Дар бораи ахбороти мудири бахши умумӣ, назорат ва кор бо муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Рӯшон ва супоришҳои протоколӣ;
  2. Ҳисоботи раиси ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев оид ба амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ»;
  3. Дар бораи баррасии санади санҷишӣ ҳолати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯшон дар давраи фаъолияти солҳои 2020-2022 ва семоҳаи якуми соли 2023.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи машварати назоратӣ аз ҷониби муовини раиси ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва тақвияти фаъолият дар ин самт дода шуд.

 

  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                          давлатии ноҳияи Рӯшон