User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023, №26/10-249 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 санаи 27 июли соли 2023, соати 1400  дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 27 июли соли равон аз соати 1300 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки қаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.

ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки барои дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро қаблан тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатї то санаи баргузории нишасти матбуотї пешниҳод намоянд.

 

 

 

                                       Агентии хизмати давлатии назди
                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон