User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар маҷлисгоҳи хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии раванди татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030” ба кори худ оғоз намуд.
Чорабиниро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт ва баргузории онро дар вилоят фоли нек арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки курси раванди татбиқи барномаи мазкур ҷиҳати тақвият бахшидан ба дониши сиёсӣ, иқтисодӣ, вазъи хизматрасонии электронӣ дар иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани маърифати занон оид ба солимии репродуктивӣ ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба саломатӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳилолбӣ Қурбонзода сараввал миннатдории худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён намуда, изҳор кард, ки дар доираи чорабиниҳои корвони “Модарони ваҳдатсаро” кумита тасмим гирифтааст, ки боз якчанд чорабиниҳоро дар ин самт ба роҳ монад, ки яке аз онҳо курси раванди татбиқи барномаи болозикр мебошад.
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода низ ба ҳар як иштирокчии курс барор таманно карда, изҳор намуд, ки аз ин курси омӯзишӣ аз донишу малакаи устодони ботаҷриба, ки тӯли чаҳор рӯз нозукиҳои соҳаро меомӯзанд, самаранок истифода бурда, дар пешбурди давлат ҳиссаи сазовор гузоранд ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани курси махсус барор таманно намуд.
Дар курси омӯзишӣ мавзӯъҳо хеле ҷолиб буданд, ки дар пешбурди кори ҳар як зан - роҳбар, хизматчии давлатӣ басо муҳим буд. Курс аз 11 то 14-уми июли соли равон давом кард.
Гулҷаҳон Маҳкамова,
“Ҳақиқати Суғд”