User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, оид ба васеъ намудани имкониятҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ муҳокимаронӣ доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба таъмин намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар кори машварат иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти рақами 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таъкид гардид.

 

 

Сарчашма:president.tj