User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Суғд даври вилоятии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид.

11 июл дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи Низомнома, даври вилоятии озмун 12-13 июл баргузор гардида, дар он 92 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни бонувоне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, доир мегардад.

Баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатиро баҳри фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занонро дарбар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали озмуни мазкур тибқи Низомнома, аз 19 то 28 июни соли 2023 дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шаҳру ноҳияҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид. Ғолибонро комиссияи озмун муайян намуда, ба даври вилояти пешбарӣ намуд.

Сарчашма:khovar.tj