User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 12 июли соли 2023 бо роҳбарии раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар доираи чорабиниҳои корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 10 июли соли ҷорӣ амалӣ шуда истодааст, собиқадори хизмати давлатӣ, муовини озоди раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон- Санавбар Нуриллоева аёдат карда шуданд.

Ба аёдати собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, собиқ раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд Санавбар Нуриллоева бо ҳамроҳии раиси шаҳри Гулистон - Раъно Ҳошимзода, инчунин муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила- Умеда Абдуллозода, ходимони давлативу ҷамъиятӣ- Умриниссо Казакова ва Адолат Узоқова ташриф оварданд.

Зимни суҳбат, Санавбар Нуриллоева аз корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат ёдовар гардиданд.

 

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

                                                                       ҳокимияти давлатии вилояти Суғд