User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 12-13 июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахши якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардида истодааст.

Мақсади ташкили озмун ин тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.

Тибқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявӣ довталабон давоми ду рӯз дар ҳузури комиссияи ҷумҳуриявӣ аз рӯи чунин талаботҳо баҳогузорӣ карда мешаванд:

- навиштани иншо бо забони давлатӣ;

-навиштани диктант бо забони русӣ;

-муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохторӣ/мақомоти давлатӣ ва бартарф намудани камбудиҳо дар самти муайян;

-кор бо технологияи иттилоотӣ;

-саволу ҷавоб.

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

                                                                       ҳокимияти давлатии вилояти Суғд