User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 12.07.2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мулоқоти корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо фаъолзанони шаҳр баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умринисо Казакова, собиқадори хизмати давлатӣ Адолат Ҷӯрабоева ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон ҳамчун таъминкунандаи иттиҳоду якдилии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дониста шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои татбиқи амалии ғояи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ормонҳои деринаи миллати мутамаддину бостонии тоҷик ва омили асосии рушди устувори кишвар мебошад, шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад.

Нахустин иқдоми сиёсии давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар пойдору устувор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳми модарони тоҷик низ назарррас аст. Модар худ қосиди сулҳ аст ва ҳамаи он фарзандони фарзонаи миллатро, ки барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва Истиқлолу Ваҳдати комил корнамоиҳои таърихӣ намудаанд, модари тоҷик ба воя расонидааст. Аз ин лиҳоз модарон бо таълиму тарбияи фарзанд, рафтору ахлоқ дар замири фарзандон меҳру муҳаббат ва дӯст доштани меҳанро зиёд мегардонанд. Имрӯз, мақоми зан модари тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор дорад. Аз ин имкониятҳо истифода бурда – модарон бояд бештар ба тарбияи насли наврас, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи рост ва бедор намудани рӯҳияи ватандӯстӣ дар онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд ва барои устувор гардонидан ва ҳифз намудани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Гулистон