User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Тутзор-19», нашъунамои полезиҳо, лӯбиёгиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулину мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Тутзор-19» дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Саҳмдорони хоҷагӣ замини киштро пурраю оқилона истифода бурда, пахта, полезӣ, сабзавот ва лӯбиёгиро кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Дар хоҷагӣ масоҳати полезиҳо - харбузаю тарбуз 0,7 гектарро ташкил медиҳад. Полезиҳо охири моҳи март кишт карда шуда, ҳосили аввали харбузаю тарбуз пухта, ба ҷамъоварӣ омода гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу саҳм ва маҳорату кордонии деҳқонони ноҳияи Мастчоҳро дар истеҳсоли маҳсулот, хусусан пахта, чормағзи заминӣ, полезӣ ва рушди чорводорӣ хоса таъкид намуданд. Аз ҷумла, хоҷагидорону аҳолии ноҳия дар парваришу рӯёнидани полезиҳо шинохта шудаанд.

Тухмиҳои серҳосил асосу заминаи зиёд карда шудани ҳаҷми истеҳсоли полезиҳо буда, харбузаю тарбузи парвардаи деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ сифат ва тамъу лаззати хоса доранд. Ин ба иқлими гарми мавзеи Дилварзин ва муҳимтар аз ҳама ба заҳмату маҳорату кордонии деҳқонон вобаста аст.

Саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии «Тутзор-19» дар қисми замин баъди ҷамъоварии ғалла дар кишти такрорӣ лӯбиёгиҳо, лӯбиё ва мош парвариш менамоянд.

Ҳосили кишти такрории лӯбиёгиҳо то 30-35 сентнер – 3-3,5 тонна аз як гектар буда, аҳли хоҷагӣ дар кишти асосӣ аз ғалла 40 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд.

Ҳосили ғалла ва лӯбиёгиҳо якҷоя дар кишти асосӣ ва такрорӣ 70-75 сентнериро аз як замин ташкил медиҳад. Саҳмдорон нақша доранд, баъди гирифтани ҳосили лӯбиёгиҳо дар ин қитъаҳои замин бори сеюм зироати хӯроки чорво кишт карда, аз як замин ҳосили сеюм низ рӯёнанд. Ин намунаи истифодаи пурраю оқилонаи замин дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти дуюм - кишти такрориро аз роҳу омилҳои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - полезӣ арзёбӣ намуда, масъулону мутахассисони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳро ҳидояту вазифадор намуданд, ки аз ин тадбири муҳими самаранокии обу замин бо масъулият ва оқилона истифода намоянд.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд.

Дар намоишгоҳ намояндагони кишоварзону ҳунармандони ҳамаи 8 шаҳраку деҳоти ноҳия намунаҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳунармандиро пешниҳоду муаррифӣ карданд.

Кишоварзони ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, ғалладонагиҳо, нон ва маҳсулоти нонӣ, асал ва маҳсулоти занбӯри асал, маҳсулоти ширӣ, қурут, чормағзи заминӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, чун кандакорӣ, оҳангарӣ ва амсоли инро ба намоиш гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзону аҳолии ноҳияи Мастчоҳро барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

 

Сарчашма:president.tj