ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд.
Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 1200 гектарро ташкил медиҳад.
Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон – «Кумарғи боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» сурат мегирад.
Кони «Кумарғи боло» қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи шарқӣ» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони «Кумарғи Боло» рӯизаминӣ ва дар «Дуобаи Шарқӣ» зеризаминӣ мебошад. Дар кони «Дуобаи Шарқӣ», ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.
Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.
Мавзеи Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад.
Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх