User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

3 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд курси сайёри таҷрибаомӯзӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Дарвоз, Спитамен, Файзобод, Шаҳринав ва Муъминобод аз рӯйи барномаи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Исматуллозода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва шунавандагони курс иштирок намуданд.

Курсро директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Фаридун Исматуллозода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стретегии кишвар ба шумор рафта, расидан ба ин ҳадаф фаъолнокӣ ва муттаҳидиро талаб менамояд. Бахусус саҳми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар ташаккули захираи озуқавории кишвар ва дар ин росто расидан ба амнияти озуқаворӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ва буҳрони иқтисодии пешгӯинашаванда, ки ба як қатор омилҳои амниятиву сиёсӣ вобаста аст, ҳар кишварро зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии худ тамоми имконоту иқтидори заруриро ба ин самт равона созанд. Қайд карда шуд, ки дар рафти курси сайёри таҷрибаомӯзӣ иштирокчиён аз маконҳои таърихӣ, муассисаву ташкилотҳо, заводу фабрикаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳри Истаравшан дидан менамоянд.

Дар идома раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки аҳли заҳмати шаҳри Истаравшан тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ намуда, дар ин самт ба як қатор натиҷаҳои назаррас даст ёфтаанд. Айни ҳол дар миқёси вилояти Суғд шаҳри Истаравшан аз минтақаҳои пешсафи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он заводу фабрикаҳои зиёде, ки вазифаашон таъмини бозори озуқаворӣ бо маводи истеъмолӣ мебошад, фаъолият менамояд. Зикр карда шуд, ки меҳнаткашони шаҳри Истаравшан минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дастгирӣ намуда, дар пайи иҷрои ҳадафҳои он собитқадамона талош меварзанд.

Курси сайёри таҷрибаомӯзӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Дарвоз, Спитамен, Файзобод, Шаҳринав ва Муъминобод аз рӯйи барномаи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 то 5 июли соли равон идома намуда, дар рафти он шунавандагон бо таҷрибаи пешқадами сектори истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии муваффақи ҳудуди шаҳри Истаравшан дидан намуда, донишу малакаи ҳамдигарро табодул хоҳанд кард.

 

Агентии хизмати давлатии назди

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон