15:46, 17 Октябри 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1.        Мудири бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, соҳаи пешбурди корҳои хоҷагӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-  3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1308,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

2.        Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи технология, коммуникатсия, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1308,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

3.        Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани ҳуқуқ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

4.        Сармутахассиси бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи  иқтисодӣ, муҳосибот, соҳаи хоҷагӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи муҳосибот, риёзиёт, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

5.        Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт;

- донистани самти соҳаи нақлиёт, таърих, фарҳанг, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 972,90 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

6.     Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 800,40  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

    7.  Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-    таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

- донистани ҳуқуқ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 800,40  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

Сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе

1.        Муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи сармоягузорӣ, иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малака ва дониш дар самти ташаккул ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1946,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

2.        Муовини сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг, актёр, ҳунарпешаи драма ва кино, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- қобилияти таҳлил ва арзёбии фаъолияти соҳаҳои фарҳанг, донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1946,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

3.        Сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  (ҳуқуқшинос):

           Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани ҳуқуқ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

4.        Сармутахассиси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти фарҳанг, актёр, ҳунарпешаи драма ва кино, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-қобилияти таҳлил ва арзёбии фаъолияти соҳаҳои фарҳанг, донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

5.        Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иқтисодиёт, муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

6.        Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё - 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани соҳаи ҳуқуқшиносӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 1186,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

7.        Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти иҷтимоии фарҳангӣ, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-таҳлили масъалаҳои оилавӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 972,90  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

8.        Мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 2 - ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сармоягузорӣ, иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- донистани соҳаи сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисодиёт, муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 972,90  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

9.     Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти фарҳанг, актёр, ҳунарпешаи драма ва кино, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- қобилияти таҳлил ва арзёбии фаъолияти соҳаҳои фарҳанг, донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ - 972,90  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (www.dushanbe.tj)  шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (резюме).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ-80, индекс: 734023, телефон: 221-64-31, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj

                                      

                   ШУЪБАИ КАДРҲОИ ДАСТГОҲИ

                     РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон