14:01, 17 Октябри 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1.     Мудири шуъбаи сармоягузории Раёсат-1 ҷой,

                  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти оли касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва идоракунии давлатӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

- донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

- малакаи хуби муошират бо аҳлии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1200 сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.     Мутахассиси шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсат – 1 ҷой,

                  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, молиявӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

- донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

- малакаи хуби муошират бо аҳлии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 696 сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони сардори Раёсат;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи  ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона расми андозааш 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда);

-маълумотнома дар бораи надоштани доѓи судӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусха билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд);

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо

шаҳри Бохтар, кўчаи Сино-3, бинои Раёсати  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон. Телефон барои тамос: 2-31-86

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон