ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавии муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ «Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй-рем» ба анҷом расонида шудааст.
Бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Деваштич дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ду баст 1240 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 60 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна ва 26 синфхона, ҳамчунин кабинетҳои фаннию, утоқҳои корӣ иборат мебошад. Дар бинои нави муасисаи таълимӣ китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхонаҳои таълими меҳнат мавҷуд аст.
Барои омӯзиши касбу ҳунар дар мактаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар маҳфилҳои таълими меҳнат барои писарон ва дӯзандагӣ барои духтарон касбу ҳунар меомӯзанд.
Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ ва синфхонаи шоҳмот бунёду муҷаҳҳаз гардидааст. Хонандагон бо истифода аз ин шароитҳои муосир ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра машғул мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кабинетҳои фаннӣ ва толори варзишӣ боздид ба амал оварда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати озоду самимӣ намуданд. Хонандагонро ҳидоят намуданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши амиқ омӯзанд ва мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд,
Тибқи лоиҳа бинои муассиса пурра мутобиқ ба талаботу стандарти соҳаи маориф бунёд гардида, ҳамчунин дорои ҳамаи инфрасохтору иншооти ёрирасон, аз қабили зеристгоҳи мустақили барқӣ, манораи об, анборҳо, нуқтаҳои санитариву гигиенӣ мебошад. Бино пурра тавассути маркази гармидиҳии мустақили худӣ бо гармӣ таъмин карда шуда, дар он системаи ҳавокашӣ васлу насб шудааст.
Дар саҳн ва гирду атрофи бинои муассисаи таълимӣ дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки ба намои бино ҳусни хоса зам мекунанд. Дар саҳни мактаб ҳамчунин майдончаи замонавии варзишӣ барои машқу тамрини хонандагон ба намуди футбол бунёд шудааст.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх